Октябр 27, 2020 22:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд: тарҳи Эрон барои ҳалли доимии муноқишаи Қарабоғ ба зудӣ эълом мешавад
    Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд: тарҳи Эрон барои ҳалли доимии муноқишаи Қарабоғ ба зудӣ эълом мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон аз таҳияи тарҳи ҷумҳурии исломӣ барои ҳалли доимии муноқишаи Қарабоғ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе аз сафари муовини сиёсии худ ба Боку, Маскав ва Ереван хабар дод ва афзуд: Ҷумҳурии исломӣ тарҳеро барои ҳалли доимии муноқишаи Қарабоғ тадвин кардааст, ки ба зудӣ матраҳ ва сипас дар Маскав ва Ереван пайгирӣ хоҳад шуд.

Зариф афзуд: “Эҳтиром ба тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳаллу фасли муноқиша аз тариқи сулҳомез ва тағйирнопазирии марзҳои байналмилалӣ аз усули дипломатияи фаъоли Ҷумҳурии исломии Эрон аст”.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ҳузури террористҳоро дар минтақа барои Ҷумҳурии исломии Эрон ғайриқобили таҳаммул донист.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз соли 1988 дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд ва даври ҷадиде аз даргириҳоро аз 27 сентябри 2020 оғоз кардаанд.

 


 

Бештар бихонед:

Алиев: Мавзеи Эрон дар муноқишаи Қарабоғ одилона аст

Ибрози таассуфи Эрон аз нақзи оташбас миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон

 


 

Барчасп

Назарҳо