Октябр 28, 2020 18:11 Asia/Dushanbe

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон, ки сафари давраии худро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва Арманистон оғоз кардааст дар Боку аз муҳимтарин бахшҳои тарҳи Эрон барои сулҳи Қарабоғ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Эрон, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон Сайид Аббоси Ироқчӣ гуфт: "Поёни ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз пояҳои аслии тарҳи Эрон барои сулҳи доимӣ дар Қарабоғ аст."

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон афзуд : ҳифзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи ақаллиятҳо пояи дигари тарҳи ибтикории Эрон барои поёни муноқишаи Қарабоғ аст.

Ироқчӣ ҳамчунин Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро ду кишвари дӯст ва ҳамсоя унвон кард ва гуфт: "Равобити гарме миёни мо вуҷуд дорад ва мо ҳамвора аз талоши  Ҷумҳурии Озарбойҷон барои озодсозии шаҳрҳо ва манотиқи ишғолшудаи худ ҳимоят мекунем. Тамомияти арзи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва бақияи кишварҳо дар минтақа ва тағйирнопазирии марзҳо як асли муҳим  ва дахлнопазир аст, ки бояд риоя карда шавад."

Сайид Аббос Ироқчӣ қарор аст дар қолаби сафари минтақае барои ироаи тарҳи ибтикории пешниҳодии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қарабоғ аз Боку ба Маскав ва дар идома ба Ереван ва Анкара сафар кунад.
 
 
 Бештар бихонед:

 

Барчасп

Назарҳо