Октябр 29, 2020 13:58 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатҳои исломҳаросонаи Фаронса бо вокуниши мусулмонони ҷаҳон рӯ барӯ шудааст
    Сиёсатҳои исломҳаросонаи Фаронса бо вокуниши мусулмонони ҷаҳон рӯ барӯ шудааст

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме аз ҷавонони фаронсавӣ хостанд аз раисиҷумҳури худ бипурсанд, чаро аз тавҳин ба Паёмбари Худо(с) ҳимоят мекунад ва онро озодии баён ме‌шуморад?

Изҳороти Эмманюэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар таъйди карикатураҳои тавҳиномез ба Паёмбари ислом (с) боиси хашми мусулмонон дар саросари ҷаҳон шуда аст. Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ, чаҳоршанбешаб дар паёми худ ба ҷавонони фаронсавӣ чанд саволро матраҳ карданд: Оё дашном додан ва тавҳин кардан ба чеҳраҳои дурахшон ва муқаддас, озодии баён аст? Оё чунин рафторе тавҳин ба шуъури миллати Фаронса, ки Макронро ба раёсати худ интихоб кардаанд, нест? Чаро тардид кардан дар Ҳолокост ҷурм аст ва агар касе чизе дар ин замина навишт бояд ба зиндон биравад, аммо иҳонат ба Паёмбар(с) озодӣ аст?

Паёми раҳбари муъаззами инқилоб ба ҷавонони Фаронса дар паи иҳонати Макрон ба пайёмбари ислом (с))

Бархе кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса дар чорчӯби демократия ва озодии баён сиёсат ва манофеи сиёсии худро пеш мебаранд. Исломҳаросӣ дар Ғарб дар ҳоле дар Фаронса дунбол мешавад, ки дини Ислом, дини сулҳу дӯстӣ аст ва Паёмбари гиромии ислом (с) нуқтаи ваҳдати мусулмонон аст. Эҳтиром гузоштан ба адёни мухталиф, асоси муҳаббат ва сулҳу эътимодсозӣ байни мардум аст.

Ифротгароӣ дар хизмати манофеъи сиёсӣ

Ифротгароӣ дар ҳар дину мазҳабе маҳкум аст, аммо аз он бадтар ин аст, ки чунин таҳаррукоте ба абзоре дар хизмати пешбурди манофеи сиёсии мақомоти фаронсавӣ табдил шавад. Дифои раисиҷумҳури Фаронса аз тавҳин ба Паёмбари гиромии ислом (с) Ба баҳонаи озодии баён ва ақида, ба сулҳ ва ҳамзистии созанда байни пайравони адёни мухталиф кумак намекунад ва ҳатто сабаби нигаронӣ дар ҷаҳон мешавад. Кардинал Мар Луис Рафаэл Сакко, кишиши калисои калдейии Ироқ ва ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе таъкид мекунад: «ҳамаи адён бояд манбае барои муҳаббат, сулҳ, ҳамкорӣ ва эътимодсозӣ байни мардум бошанд ва на инки нафрату хушунатро тарвиҷ кунанд.»

Нуктаи ҷолиб инки дифои раисиҷумҳури Фаронса аз иқдоми нашрияи “Charlie Hebdoдар” нашри карикатурҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари ислом (с) дар ҳоле аст, ки агар фарде дар ҳамин ҷомеаи Фаронса дар бархе мавзӯҳои таърихӣ, монанди Ҳолокост тардид кунад, муҳокима хоҳад шуд. Ин дугонагӣ дар ҷомеаи Ғарб бавижа Фаронса, рӯйкарде ғолиб буда ва дар сояи ҳамин сиёсат, бархе кишварҳои ғарбӣ роҳбурди худро дар баробари ҷаҳони Ислом таъриф карданд, ки исломҳаросии асл собити он аст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Вокуниши Эрон ба иҳонати мақомоти фаронсавӣ ба Паёмбари ислом(с)

Идомаи вокунишҳои ҷаҳони ислом ба изҳороти исломситезонаи Макрон

Гузориши вижа: Исломситезии Макрон, мавзӯи таниши ҷадид байни Фаронса ва Туркия  

Барчасп

Назарҳо