Октябр 29, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Сиючаҳорумин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад
    Сиючаҳорумин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ ба сурати маҷозӣ баргузор мешавад

Сиючаҳорумин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом ба сурат аз роҳи дур оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, беш аз 167 шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом аз 47 кишвар ва ҳамчунин 120 суханрони эронӣ ба сурати маҷозӣ дар бораи мавзӯъҳои мухталифи конференсия суханронӣ хоҳанд кард.

Ҳамкории исломӣ дар муқобили офатҳои табиӣ, хиёнати Ғарб ба кори Фаластин, нақши меҳвари муқовимат дар хунсо кардани таъсироти оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин нақши пешвои бузурги ислом Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар ваҳдат ва амнияти ҷаҳони ислом муҳимтарин мавзӯъҳои ин конференсия мебошанд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дар маросими ифтитоҳияи 34-умин конференсияи ваҳдати исломӣ бо ишора ба бархе кишварҳои исломӣ, ки равобити худро бо режими Исроил оддӣ кардаанд, гуфт: "Ҳокимони ин кишварҳо бояд бидонанд, ки ба эътидол овардани муносибатҳо бо режими саҳюнистӣ дер давом нахоҳад кард ва доғи он дар таърих бо номи онҳо дар байни миллатҳои мусалмон ва озоди ҷаҳон боқӣ хоҳад монд."

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибов

Сиючаҳорумин конференсияи байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки рӯзи панҷшанбе 29 октябр баробар бо 12 рабиул аввал рӯзи мелоди Паёмбари Акрам (с) ба ривояти аҳли суннат оғоз шуд, шомгоҳи душанбе 2 ноябр мусодиф бо 16 рабиул аввал дар шаби милоди эшон ба ривояти шиаён ба поён хоҳад расид.

Бештар бихонед:

Барчасп

Назарҳо