Октябр 29, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 399 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон
    Ҷон бохтани 399 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ҳашт ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 399 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон "Симо Содот Лорӣ» рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 8 ҳазору 293 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 924 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 596 ҳазору 941 нафар расидааст, афзуд: "Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 399 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 113 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 472 ҳазору 598 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 44 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 180 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 32 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп

Назарҳо