Ноябр 10, 2020 17:20 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори Ковид -19 дар Эрон то 10 ноябри 2020
    Охирин омори Ковид -19 дар Эрон то 10 ноябри 2020

Бо шиносоии беш аз 10 ҳазор бемори дигари Ковид -19 шумори гирифторони ин беморӣ дар Эрон аз 700 ҳазор нафар гузашт.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 10 ҳазору 339 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод се ҳазору 88 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонда шуд”.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин гуфт: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 453 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 39 ҳазору 202 нафар расид.

Лорӣ афзуд, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 703 ҳазору 288 нафар расидааст, ки то кунун 530 ҳазору 694 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 51 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 270 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 36 миллион нафари ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

Эрон чаҳор доруи гиёҳӣ барои беҳбуди алоими коронаи сохт

Муҳри таъйиди Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бар ваксинаи коронаи “Файзер”

 

Барчасп