Ноябр 19, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Генерал Деҳқон: Эрон дар бораи қудрати низомии худ бо ҳеҷ кас музокира намекунад
    Генерал Деҳқон: Эрон дар бораи қудрати низомии худ бо ҳеҷ кас музокира намекунад

Мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури дифоӣ таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти ҳеҷ шароите ва бо ҳеҷ касе дар бораи қудрати низомии худ вориди музокира нахоҳад шуд.

Генерал Ҳусейн Деҳқон мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар умури дифоӣ дар хусуси бархе гузоришҳои иддаоии расонаҳои ғарбӣ мабни бар тасмими раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп барои иқдоми низомӣ алайҳи Эрон гуфт: "мо ба дунболи шурӯи ҷанг нестем, аммо ба дунболи музокира барои музокира ҳам нестам ".

Генерал Деҳқон дар бораи инки, Амрико қасд дорад барои музокира бо Эрон шарт таъин кунад, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти ҳеҷ шароите ва бо ҳеч касе дар бораи қудрати низомии худ вориди музокира намешавад.

Мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар умури дифоӣ дар хусуси гузориши ахири Ню-Йорк Таймз, ки муддаӣ шуда буд, Трамп қасд дошта дар рӯзҳои поёнии раёсати ҷуҳурии худ, алайҳи Эрон иқдоми низомӣ сурат диҳад, ҳушдор дод ва гуфт: як даргирии маҳдуд ва тактикӣ метавонад ба як ҷанги тамом айёр табдил шавад; қатъан Иёлоти Муттаҳида, минтақа ва ҷаҳон тоби истодагӣ дар муқобили чунин бӯҳрони густурда ва ҷомеиро нахоҳад овард. 

Генерал Деҳқон дар хусуси бозрасиҳои МАГАТЭ аз таъсисоти ҳастаии Эрон таъкид кард, ки ин бозрасиҳо то замоне, ки бозрасони ожонс "ҷосус " набошанд, бояд идома дошта бошад.

Генерал Деҳқон дар бораи тавофуқоти ахири бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс бо режими саҳюнистӣ гуфт: афзоиши ҳузури Исроил дар Ғарби Осиё метавонад ба як "иштибоҳи роҳбурдӣ" мунҷар шавад.

Мушовири раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон дар умури дифоӣ дар идома таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон хостори ихроҷи тамоми нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа ба унвони интиқоми хуни генерал Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аст. 

Барчасп