Декабр 09, 2020 16:54 Asia/Dushanbe
  • То кунун беш аз 765 ҳазор нафар аз беморони корона дар Эрон беҳбуд ёфтаанд
    То кунун беш аз 765 ҳазор нафар аз беморони корона дар Эрон беҳбуд ёфтаанд

295 нафар дар 24 соати гузашта дар Эрон бар асари ибтило ба бемории Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошти Эрон, дар 24 соати гузашта 10 ҳазору 223 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод ҳазору 747 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 72 ҳазору 620 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ ба 51 ҳазору 212 нафар расидааст.

  • То кунун 765 ҳазору 639 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 69 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 562 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 47 миллиону 567 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп