Декабр 10, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши беш аз 40 дарсадии маргу мири рӯзонаи беморони Ковид-19 дар Эрон
    Коҳиши беш аз 40 дарсадии маргу мири рӯзонаи беморони Ковид-19 дар Эрон

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз коҳиши беш аз 40 дарсадии мавориди фавти рӯзонаи беморони Ковид-19 дар Эрон хабар дод.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, «Саид Намакӣ» вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар ҷаласаи маҷозӣ бо вазирони беҳдошти минтақаи Медитаронаи шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи Ковид-19 гуфт: агарчи аз даст додани ҳатто як шаҳрванд дар ҳар минтақа аз ҷаҳон сахт аст, аммо дар ду ҳафтаи ахир, теъдоди марги рӯзонаи беморони Ковид-19  дар Эрон аз ҳудуди 500 нафар ба камтар аз 300 нафар расидааст.

Намакӣ афзуд : бемории ҳамагири Ковид-19, ки ба шиддат ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифт, дарсҳои зиёдеро барои омухтан дар сатҳи миллӣ , минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ироа дод, ки нишондиҳанда омодагии надоштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои муқобила бо як бемории ҳамагир аст.

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон тасреҳ кард : бемории ҳамагири Ковид-19 ба кишварҳои ҷаҳон ёдоварӣ кард, ки раҳбарӣ, ҳамбастагӣ, ҳамкории байни бахшӣ, мудохилоти мубтанӣ бар шавоҳиду ҳамоҳангии байни кишварҳо, абзорҳои мавриди ниёз барои мудирияти бемории ҳамагири Ковид-19 ҳастанд.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон токунун як миллиону 83 ҳазору 23 нафар дар Эрон ба бемории ҳамагири Ковид-19 мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод муттаассифона 51 ҳазору 496 нафар ҷон бохтаанд. 
 
Теъдоди афроди мубтало ба ба бемории ҳамагири Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 70 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 577 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 48 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп