Декабр 16, 2020 20:27 Asia/Dushanbe

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 213 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар бар асари корона хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори гирифторони вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 7 ҳазору 603 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 157 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд».

Бо риояти дастурҳои беҳдоштӣ аз мизони маргумири ношӣ аз корона дар Эрон коста шудааст

 

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: «Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 213 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 52 ҳазору 883 нафар расидааст».

Хонуми Лорӣ ҳамчунин гуфт: «То кунун маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 131 ҳазору 77 нафар расидааст, ки 844 ҳазору 430 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд».

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 73 миллиону 903 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 644 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 52 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп