Декабр 31, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷалолӣ: ‌ Роҳи муқовимати миллати Эрон ба шарофати хуни шаҳид Сулаймонӣ бо қудрат идома дорад
    Ҷалолӣ: ‌ Роҳи муқовимати миллати Эрон ба шарофати хуни шаҳид Сулаймонӣ бо қудрат идома дорад

Сафири Эрон дар Русия дар Твиттер ба муносибати шаҳодати сипаҳбуд шаҳид "Қосим Сулаймонӣ" навишт: Роҳи муқовимати миллати Эрон ба шарофати хуни он шаҳиди бузургвор бо қудрат идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, «Козими Ҷалолӣ» сафири Эрон дар Русия рӯзи панҷшанбе дар остонаи аввалин солгарди шаҳодати сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ» дар Твиттер ба забон рӯсӣ навишт: як сол аз шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ , қаҳрамони мубориза бо тероризм бархеста аз умқи идеологияи империализм ва нажодпарастӣ гузашт; ҳамон тероризми давлатии Амрико, ки гумон кард бо террори ваҳшиёнаи ин марди бузург, метавонад ҷараён ва роҳи иқтидор, иззат, ҳақи талабӣ ва муқовимат дар баробари зулм ва ҷангу террорро дар минтақа мутаваққиф кунад.

Ҷалолӣ афзуд: Роҳи муқовимати миллати Эрон ба баракати хуни он шаҳиди бузургвор бо қудрат идома дорад ва ба каломи эшон «Ҷумҳурии исломӣ ифтихор мекунад ба ин муқовимат» ва бар зарурати иттихози иқдомоти ҷамъии кишварҳо барои ҷилавгирӣ аз ин иқдомоти террористии зидди инсонии фоҳиш таъкиди мекунад.

Садор сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ » фармонеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ( Ал-Ҳашду Шаъбӣ) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористии Амрико наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд.

Барчасп