Январ 05, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • 4 меҳвари аслии суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар аввалин солгарди шаҳид Сулаймонӣ
    4 меҳвари аслии суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар аввалин солгарди шаҳид Сулаймонӣ

Суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки ба муносибати аввалин солгарди шаҳодати Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ анҷом шуд, чанд меҳвари муҳим дошт.

Яке аз меҳварҳои муҳимми суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ, таъкид бар ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муттаҳидони минтақаии худ аст. Асосан яке аз шохисаҳои рафтории қудратҳои бузург, доштани муттаҳидони минтақаӣ аст, муттаҳидоне, ки манофеъ ва амнияти «ҳоми»-и худро дар назар гиранд. Тардиде нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон як қудрат дар минтақаи ғарби Осиё аст ва ин қудрати таъсиргузор собит кард, ки манофеъ ва амнияти муттаҳидони худро таҳти ҳар шароите маддиназар дорад. Ба иборате, миёни Ҷумҳурии Исломии Эрону муттаҳидони минтақаии он, робитае мутақобил барқарор аст.

Дар ҳамин росто, Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханон худ гуфт: « Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон ба рағми ҷанги таҳмилии Саддом алайҳи онҳо, муқовимат ва Лубнонро фаромӯш накард ва дар ҷанги Сурия низ аз давлату мардуми ин кишвар ҳимоят кард.»

Меҳвари муҳимми дигар дар суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ин буд, ки меҳвари муқовимат бо террор ва шаҳодати фармондеҳони худ, мутаваққиф намешавад. Воқеъият ин аст, ки шаҳодат, яке аз арзишҳои муҳим дар меҳвари муқовимат аст. Фармондеҳони муқовимат аз марг ҳаросӣ надоранд, балки ба истиқболи шаҳодат дар роҳи Худо ва дини Ислом мераванд. Коркарди муҳимми шаҳодат низ ин аст, ки меҳвари муқовиматро ба самти қавитар шудан сӯқ медиҳад. Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин хусӯс бо баёни инки меҳвари муқовимат тавонистааст аз ҳодисаи шаҳодати фармондеҳони муқовимат убур кунад, таъкид кард: «меҳвари муқовимат ҳаргоҳ фармондеҳеро аз даст диҳад, қавитар, бо ҷиддият ва ҳӯшёртар мешавад.»

Ин изҳори назри Сайид Ҳасан Насруллоҳ, мисдоқи ин назар аст, ки шаҳид Сулаймонӣ ба маротиб барои душманони худ, хатарноктар аз сардор Сулаймонӣ аст. Ин воқеъияте аст, ки Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе кишварҳои арабӣ натавонистаанд онро дарк кунанд ва муртакиби иштибоҳоти роҳбурдӣ назири террори фармондеҳони муқовимат мешаванд. Ба таъбири Сайид Ҳасан Насруллоҳ, амрикоиҳо тасаввур мекарданд, ки бо шаҳодати Ҳоҷ Қосим ҳалқаи иттисол байни меҳвари муқовимат аз ҳам хоҳад пошид, аммо ин иттифоқ наафтод.

Яке аз паёмадҳои муҳимми шаҳодати Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, шиори ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа аст. Пас аз террори сардори Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ин шиор ба меҳвари марказии меҳвари муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё табдил шуду бахши зиёде аз мардуми ин минтақа низ бо он ҳамроҳӣ карданд. Аз ин рӯ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханони худ унвон кард: «Агар шаҳодати фармондеҳони меҳвари муқовимат набуд, шиори ихроҷи нерӯҳои Амрико аз минтақа ба шиоре, ки миллатҳои минтақа барои таҳаққуқи он талош мекунанд, табдил наме‌шуд.»

Чаҳорумин меҳвари муҳим дар суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба навъе ишора ба таҳқири Амрико дар муқобил муқовимат буд. Амрико ва муттаҳидонаш, ки аз тақобули мустақим бо меҳвари муқовимат натиҷа нагирифта ва ба аҳдофи худ даст наёфтанд ба террор, таҳрим ва феҳристи худсохтаи терроризм рӯй овараданд. Террор ба қавитар шудани муқовимат меанҷомад, чун муқовимати риша дар бовари мазҳабии ҳомиёни ин гуфтмон дорад. Таҳрим ва феҳристи терроризм низ дар масири табдил шудан ба «таҳқир»-и Амрико қарор дорад, чаро ки қудратҳои бузург бо роҳбурди таҳрим ҳамроҳ нашуда ва феҳристи таҳрим низ сирфан бо ҳамсӯии чанд кишвари кӯчак ҳамроҳ шуд, ки таҳти фишори Амрико қарор доранд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин хусӯс низ гуфт: «Амрико алон аз кишварҳое, ки ба нудрат исмашонро шунидаед мехоҳад, ки номи Ҳизбуллоҳро дар феҳрати терроризми худ қарор бидиҳанд.»

Нуктаи поёнӣ инки тақобули муқовимат бо истикбори амрикоӣ, созиши арабӣ ва режими саҳюнистӣ пас аз шаҳодати Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис вориди марҳалаи тозае шудааст. Ин мавзӯе аст, ки дар рӯҳи суханони шаби гузаштаи Сайид Ҳасан Насруллоҳ низ вуҷӯд дорад. Террор ба таваққуф мунҷар намешавад, балки террор азми муқовиматро барои қавитар шудан тақвият мекунад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп