Январ 05, 2021 18:29 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то 5 январи соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то 5 январи соли 2021 эълом шуд

Пас аз 200 рӯз теъдоди ҷонбохтагон аз бемории Ковид-19 Дар Эрон ба зери 100 нафар дар рӯз расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: « Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 113 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва 686 нафар бистарӣ шуданд.»

Хонум Лорӣ афзуд: «Бо фавти 98 бемори дигари Ковиди 19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷон бохтагони қатъии ин беморӣ дар кишвар ба 55 ҳазору 748 нафар расид.»

Охирин бор 18 июн соли 2020 омор ду рақамӣ 87 фавт шуда, ки корона дар Эрон ба сабт расид ва аз он замон токунун теъдоди фавтиҳои корона дар ин кишвар серақамӣ будааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: "Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 255 ҳазору 620 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 29 ҳазору 28 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд."

Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 86 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз як миллиону 862 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп