Январ 08, 2021 17:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вуруди ваксинаи амрикоӣ ва инглисӣ ба кишварро мамнуъ эълом карданд
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вуруди ваксинаи амрикоӣ ва инглисӣ ба кишварро мамнуъ эълом карданд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки тасмими маҷлис ва иқдоми давлати Эрон барои коҳиши бахши дигаре аз тааҳҳудоти БарҶом комилан дурусту ақлонӣ аст, гуфтанд: Бидуни рафъи таҳримҳо бозгашти Амрико ба БарҶом ҳатто мумкин аст ба зарари кишвар ҳам бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи ҷумъа дар суханони телевизионӣ ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дайи 1356 мардуми Қум, бо ишора ба оғози ғанисозии 20 дарсадӣ афзуданд: Ҷумҳурии исломӣ ҳеч исрору шитобе барои бозгашти Амрико ба БарҶом надорад, балки мутолибаи мантиқии мо рафъи таҳримҳову бозгардонидани ҳаққи ғасбшудаи миллат аст, ки ин вазифаи Амрикову аврупоиҳои дунболарави он аст.

Эшон гуфтанд: Агар таҳримҳо бардошта шуд, бозгашти Амрико ба БарҶом маъно медиҳад, албатта масъалаи хисоратҳо, ки ҷузви мутолиботи мо аст, дар мароҳили баъдӣ дунбол хоҳад шуд, аммо бидуни рафъи таҳримҳо бозгашти Амрико ба БарҶом ҳатто мумкин аст ба зарари кишвар ҳам бошад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба авзои дарҳамрехтаи бути бузурги истикбор низ афзуданд: «Ифтизоҳи интихоботӣ», «ҳуқуқи башаре ки ҳар чанд рӯз як сиёҳпӯст қурбонии он мешавад», «бармало шудани моҳияти арзишҳои иддаоии Амрико, ки муҷиби тамасхури дунё, ҳатто дӯстони Амрико шуда», «иқтисоди фалаҷ», «даҳҳо миллион бекору гуруснаву бехонумон» нишондиҳанда авзои нобасомони Амрико аст, ки албатта аҷиб нест, аммо аҷиб ин аст, ки иддае ҳанӯз орзӯву қиблаашон Амрико аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин маънову мантиқи ҳузури минтақаии Эронро тақвияти дӯстону тарафдорони ҷумҳурии исломӣ хонданду гуфтанд: Ҳузури ҷумҳурии исломӣ дар минтақа субот‌офарин» ва муҷиби рафъи бесуботӣ аст, ҳамчунон, ки дар Сурияву Ироқ ин воқеиятро ҳама диданд, бинобарин, ин ҳузур қатъӣ аст ва бояд вуҷуд дошта бошаду хоҳад дошт.

Эшон бо ёдоварии намунаҳое аз қудрати дифоии имрӯзи Эрон мисли соқит кардани парандаи мутаҷовизи амрикоӣ дар осмони Эрон ва ё дарҳам кӯбидани пойгоҳи “Айнуласад” гуфтанд: Душман дар муқобили ин воқеиятҳо ногузир аст қудрату тавоноиҳои дифоии Эронро дар муҳосиботу тасмимоти худ дар назар бигирад.

Вуруди ваксинаи амрикоӣ ва англисӣ ба Эрон мамнуъ аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома, вуруди ваксинаи амрикоӣ ва инглисӣ ба кишварро мамнуъ эълом карданду гуфтанд: Амрикоиҳо агар тавониста буданд ваксина тавлид кунанд, ин ифтизоҳи коронаӣ дар кишварашон ба вуҷуд намеомад, ки дар як рӯз ҳудуди 4 ҳазор нафар талафот дошта бошанд, зимни ин ки асосан ба онҳо эътимоде нест ва гоҳе ин ваксинаҳо барои озмоиш бар рӯйи миллатҳо аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп