Январ 08, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Омори Ковид -19 дар Эрон дар таърихи 8 январи 2021
    Омори Ковид -19 дар Эрон дар таърихи 8 январи 2021

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Бо фавти 85 бемори дигар аз мубталоён ба корона дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 18 нафар расид.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоёну ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 251 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 581 нафар бистарӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 274 ҳазору 514 нафар расидааст, изҳор дошт: Хушбахтона то кунун як миллиону 58 ҳазору 654 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вируси корона- омили бемории Ковид -19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд, ба тавре ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ феврали 2020 бурузи пандемия (ҳамагирии ҷаҳонӣ) –и бемориро таъйид кард.

Бемории Ковид -19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 88 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз як миллиону 908 ҳазор нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.

Амрико бо беш аз 22 миллиону 137 ҳазор нафар мубтало ба вируси корона ва дастикам 374 ҳазор қурбонӣ, ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп