Январ 14, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • Шиллики аждар аз зердарёии бумии Фотеҳ дар размоиши “Иқтидори дарёии 99”- артиши Эрон

Зердарёии бумии Фотеҳ барои нахустин бор , амалиёти шиллики аждар(мушаки бузург)ро дар марҳалаи ниҳоии размоиши “Иқтидори дарёии 99”-и нерӯии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон анҷом дод.

 Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, зердарёии бумии Фотеҳ, ки ба дасти мутахассисони ҷавону мутаъаҳҳиди эронӣ дар Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ ва бо ҳамкории нерӯии дарёии артиш сохта шуда аст , бо шиллики аждар ва бархурди он ба ҳадафи таиншуда , бахши дигаре аз тавонмандиҳои худро ба намоиш гузошт.

 Дарёдор Ҳамзаалии Ковиёнӣ-сухангӯии размоиши Иқтидори дарёии 99-и нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт:Иҷрои амалиёти паҳподӣ аз дигар иқдомоти анҷомшуда дар размоиши Иқтидори дарёии 99-и нерӯии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

 Ковиёнӣ афзуд : Дар ин размоиш бахшҳое аз сомонаҳои паҳподӣ бо маъмуриятҳои мухталифи шиносоӣ , шиносоии размӣ ва размӣ ба кор гирифта шуд, ки амалкарди муносибе доштанд.

 Ҳамчунин субҳи имрӯз дар марҳалаи ниҳоии размоиши Иқтидори дарёии 99 неруҳо бо шиллики анвоъи мушакҳои Крузи дарёӣ аҳдофи худро мавриди исобат қарор доданд.

 Размоиши Иқтидори дарёии 99-и нерӯии дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳоршанбе дар соҳилҳои шимоли уқёнуси Ҳинд оғоз шуд .

 

Барчасп