Январ 16, 2021 22:50 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи 16 январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи 16 январи 2021 эълом шуд

Дар 24 соати гузашта 96 нафари дигар аз беморони Ковиди 19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содот Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 100 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Эрони шиносоӣ ва 508 нафари бистарӣ шуданд.»

Хонум Лорӣ афзуд: «Бо фавти 96 бемори дигари Ковиди 19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар кишвар ба 56 ҳазору 717 нафар расид.»

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: « Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар Эрон ба як миллиону 324 ҳазору 395 нафар расидааст, ки хушбахтона токунун як миллиону 113 ҳазору 224 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунун беш аз 94 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 2 миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Амрико бо беш аз 22 миллиону 461 ҳазор нафари олуда ба вируси корона ва дасти кам 378 ҳазор қурбонӣ, ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро дар ҷаҳон дорад.

 

Бештар бихонед: