Январ 17, 2021 17:18 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони мубтало ба вируси Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расида аст
    Маҷмӯи беморони мубтало ба вируси Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расида аст

Бо фавти 86 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соъати гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

 Бар ин асоси маҷмӯи беморони вируси Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расида аст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

 Бемории Ковид 19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп