Январ 20, 2021 11:15 Asia/Dushanbe
  • Марминҷон ё тамашк аз 87 дарсади об ташкил шуда аст
    Марминҷон ё тамашк аз 87 дарсади об ташкил шуда аст

Муҳаққиқон мегӯянд истеъмоли рӯзонаи меваҳои обрасон илова бар рафъи ташнагӣ метавонад фойидаҳои бешуморе барои бадан дошта бошад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , агар эҳсоси ташнагии шадид доред метавонед бо як стакан об худро сероб кунед; бо ин ҳол меваҳои зиёдӣ ҳастанд, ки метавонанд ба обрасонӣ ба бадан кумак кунанд.

 Маводи менералии мавҷуд дар меваҳо монанди калий раванди обрасонӣ ба ҳуҷайраҳои баданро шитоб мебахшанд.

 Аз беҳтарин меваҳои обрасон барои бадан метавон ба ин маворид ишора кард:

 1- тути заминӣ ё фарангӣ(клубник) : 92 дарсади ин меваро об ташкил дода аст . Бо ин ҳол дар канори обрасонии фавқулоддаи тути фарангӣ , ин мева саршор аз витамини C аст, ки метавонад боиси тақвияти системаи эминии бадан шавад. Бар асоси эъломи маркази иттилооти ғизоии Амрико , як мушт тути фарангӣ беш аз 3 грам фибр(нах ё кличатка) дорад, ки ба коркарди муносиби аъзои ҳозима кумак мекунад ва монеъ аз аз гирифторӣ ба юбусат(запор ё гемарой ва ё қабз) ме‌шавад.

 2-Норинҷ ё грейпфрут;   91 дарсади ин меваи камкаллорияро об ташкил дода аст . грейпфрут  саршор аз витамини C ва низ фибр аст. Таҳқиқот нишон дода аст масрафи ин мева метавонад монеъе дар раванди пешрафти бемории қанд диабети навъи 2 бошад.

 3 Тамашк ё марминҷон(малина); Муҳаққиқони донишгоҳи Кентуккии Амрико эълом карданд марминҷон ба далели онки аз 87 дарсади об ташкил шуда аст , беҳтарини обрасон барои бадан маҳсуб мешавад. Тамашк саршор аз фибр , витамини C ва антиоксидантҳои мухталиф аст, ки метавонанд монеъ аз осеб раидан ба ҳуҷайраҳои бадан шуда ва бо ҳуҷайраҳои саратонӣ мубориза кунанд.

 Аз дигар меваҳои обрасон ба бадан метавон ба ананас ,тарбуз ,ҳандалак , дулона, меваҳои ситрусӣ ва зардолу ишора кард.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп