Январ 20, 2021 18:51 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ, Эронро ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи ваксинаи корона муаррифӣ кардааст
    ЮНИСЕФ, Эронро ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи ваксинаи корона муаррифӣ кардааст

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон барномаи тавлиди 25.5 миллион доза ваксинаи коронаро дар ширкатҳои ваксинасозии дохилӣ иҷро мекунад.

Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон рӯзи чаҳоршанбе афзуд: Дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи ваксинаи корона муаррифӣ шудааст.

Қонеӣ изҳор дошт: Аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се ваксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди ваксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Қонеӣ гуфт: Дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи «Гипатити Б» ҳамкорӣ доштааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп