Январ 20, 2021 22:08 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 348 ҳазору 316 нафар расид
    Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 348 ҳазору 316 нафар расид

Шумори ҷонбохтагони корона аз замони оғози густариши вируси корона дар Эрон дар ёздаҳ моҳи гузашта аз марзи 57 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, бо фавти 84 нафар аз беморони Ковид -19 маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари корона дар Эрон ба 57 ҳазору 57 нафар расид.

Дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 182 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ ва 840 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд, ки бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 348 ҳазору 316 нафар расид.

То кунун як миллиону 137 ҳазору 812 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп