Январ 21, 2021 18:32 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ-сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 204 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд,ки аз ин теъдод 677 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сӯрати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон афзуд : Маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 354 ҳазору 520 нафар расида аст.

 Лорӣ ҳамчунин бо баёни инки муттаассифона дар 24 соъати гузашта 93 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард:Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 150 нафар расида аст.

 Сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон дар идома хотирнишон кард : То кунун як миллиону 144 ҳазору 549 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

 Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 97 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дасти кам ду миллион нафари ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 Амрико бо ҳудуди 25 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 415 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дода аст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп