Январ 21, 2021 22:34 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ҳамалоти террористӣ дар Бағдод; омодагии Эрон барои кумак ба Ироқ дар мубориза бо терроризм

Сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Эрон , вуқуъи ду инфиҷори террористӣ дар пойтахти Ироқро ки мунҷар ба шаҳодату захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандони бегуноҳи ироқӣ шуд , маҳкум кард.

 Майдони Аттайрон дар маркази шаҳри Бағдод , пойтахти Ироқ зуҳри имрӯз ( панҷшанбе ) шоҳиди ду инфиҷори интиҳорӣ(маргталабона) буд, ки бар асоси эъломи вазорати беҳдошти Ироқ , дар ҷараёни он то кунун 35 нафар ҷон бохтанду 110 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

 Саид Хатибзода-сухангӯии вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои қурбониён , ин мусибати бузургро ба давлату миллати Ироқ таслият гуфт ва барои шуҳадои ин фоҷеъаи дараҷоти воло ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзӯ кард.

 Хатибзода афзуд : Тероризми такфирй бо танаффуси дубора Ироқро ҳадаф гирифта ва дар паи он аст, то оромишу суботи ин кишварро барҳам зада ва баҳонае барои идомаи ҳузури бегонагон фароҳам кунад.

Сухангуи вазорати умӯри хориҷаи Эрон бо ҳимоят аз иқдомоти давлату дастгоҳҳои амниятии Ироқ дар барқарории амнияту дастгирӣ ва муҷозоти омирону омилон ва хушкондани решаи тафаккури такфирй , хотирнишон кард : Ҷумҳӯрии исломии Эрон ҳамонанди гузашта омода аст, ҳар гунаи кумаку мусоидатеро дар масири мубориза бо тероризму ифротгароӣ дар ихтиёри бародарони ироқӣ қарор диҳад.

Холид Алмуҳанно - сухангӯии вазорати дохилаи  Ироқ дар бораи ҷузъиёти ду ҳамлаи интиҳории зуҳри имрӯз дар майдони « Алтайирон » дар маркази Бағдод гуфт : Аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.

 Вай афзуд: Дувумин террорист низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп