Январ 22, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъаи 22 январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи ҷумъаи 22 январи 2021 эълом шуд

75 нафар аз беморони мубтало ба Ковид - 19 дар 24 соати гузашта дар Эрон ҷон бохтанд.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 305 бемори нави Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 589 нафар бистарӣ шуданд».

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Бо фавти 75 нафар аз беморони мубтало ба Ковид -19 дар 24 соати гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 225 нафар расид».

Хонум Лорӣ афзуд: «Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 360 ҳазору 825 нафар расидааст, ки хушбахтона то кунун як миллиону 151 ҳазору 676 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд».

Бемории КОВИД - 19 бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз 98 миллион нафарро дар дунё мубтало кардаву беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп