Январ 24, 2021 17:02 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Сухангӯи вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии беш аз як миллиону 164 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ-сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба корона дар кишвар гуфт : Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соъати гузашта 5 ҳазору 945 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 437 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд.

 Сухангӯи вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон афзуд : Маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 372 ҳазору 977 нафар расида аст.

Лорӣ ҳамчунин бо баёни инки муттаассифона дар 24 соъати гузашта 89 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд , изҳор кард: Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 383 нафар расида аст.

 Сухангӯи вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар идома хотирнишон кард : То кунун як миллиону 164 ҳазору 794 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххасӣ шудаанд.

 Шумори афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 99 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 71 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтанд.

 Амрико бо беш аз 25 миллион мубтало ба  корона ва дасти кам 427 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дода аст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп