Январ 27, 2021 17:50 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 392 ҳазору 314 нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 392 ҳазору 314 нафар расидааст

Бо ҷон бохтани 91 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар Эрон, шумори қурбониёни ин беморӣ ба 57 ҳазору 651 нафар расид.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 608 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 695 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 392 ҳазору 314 нафар расидааст, ки то кунун як миллиону 183 ҳазору 463 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз сад миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафар ҷони худро аз даст додаву ҳудуди 73 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп