Феврал 22, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Омори корона дар Эрон дар таърихи 22 феврали 2021
    Омори корона дар Эрон дар таърихи 22 феврали 2021

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, то кунун як миллиону 582 ҳазору 275 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шуда ва бо фавти 89 нафар аз беморони мубтало дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 572 нафар расида аст.

Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта то зуҳри рӯзи душанбе (22 феврал) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳашт ҳазору 263 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва 741 нафар бистарӣ шуданд. Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар кишвар ба як миллиону 582 ҳазору 275 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Хушбахтона то кунун як миллиону 351 ҳазору 390 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп