Феврал 26, 2021 20:55 Asia/Dushanbe
  • 69 бемори мубтало ба Ковид -19 дар таърихи 26 феврали 2021
    69 бемори мубтало ба Ковид -19 дар таърихи 26 феврали 2021

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, то кунун як миллиону 615 ҳазору 184 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шуда ва бо фавти 69 нафар аз беморони мубтало дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 59 ҳазору 899 нафар расидааст.

Симо Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа бо эъломи охирин омори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Эрон афзуд: Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз (8 исфанди 1399) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 8 ҳазору 103 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд. Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар кишвар ба як миллиону 615 ҳазору 184 нафар расид.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: Хушбахтона то кунун як миллиону 379 ҳазору 922 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп