Феврал 26, 2021 21:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди эрониён бар лузуми иҷрои комили тааҳҳудоти барҷомӣ тавассути Амрико қабл аз ҳар гуна музокироти нав

Назарсанҷии Донишгоҳи Мэриленд ва муассисаи канадаии “Iran poll” нишон медиҳад, аксарияти мардуми Эрон муътақиданд, то қабл аз бозгашти Амрико ба БарҶом ва иҷрои комили тааҳҳудот тавассути ин кишвар, набояд бо Амрико музокира кард.

Дар назарсанҷии телефонии Донишгоҳи Мэриленд ва “Iran poll”, ки натоиҷи он панҷшанбе мунташир шуд, назари эрониҳои ширкаткунанда дар хусуси мавзӯоти мухталифи муртабит бо БарҶом ва Амрико мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, 67 дарсади мардуми Эрон муътақиданд, бояд ба самти худкифоӣ ва иқтисоди муқовиматӣ ҳаракат кунанд. 29 % пурсишшавандагон гуфтаанд, бояд саъй кунем бо кишварҳои дигар тиҷорат кунем.

85 % ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ амалкарди системаи дармонии Эрон дар буҳрони коронаро бисёр хуб ва то ҳадде хуб арзёбӣ кардаанд.

Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, 70 % мардум муътақиданд, Амрико дар пайи ҷилавгирӣ аз расидани маҳсулоти ҳаётӣ ва башардӯстона ба Эрон аст.

60 % ширкаткунандагон гуфтаанд, Амрико дар сурати бозгашт ба БарҶом ба тааҳҳудоти худаш амал нахоҳад кард. 84% афрод таъкид кардаанд, аз Амрико бадашон меояд.

Ҳамчунин 51% ширкаткунандагон гуфтаанд, бо БарҶом мувофиқанд ва 41% низ мухолифи он ҳастанд.

69% таъкид кардаанд, то қабл аз бозгашти Амрико ба БарҶом ва иҷрои комили тааҳҳудот тавассути ин кишвар, набояд бо Амрико музокира кард ва 28 дарсад муътақиданд, бояд бо давлати Байден барои қарордоди нав музокира кард.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, 88% мардум муътақиданд фаъолиятҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар минтақа Эронро кишвари амнтаре кардааст, ки нишон аз афзоиши 13 дарсадӣ дар муқоиса бо назарсанҷии моҳи майи соли 2019 дорад.

 

 

 

Барчасп