Март 02, 2021 18:33 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон эълом шуд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 86 нафари дигар дар ин кишвар бар асари Ковиди 19 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи охирин омори корона дар Эрон гуфт: «Токунун як миллиону 648 ҳазору 174 нафар дар кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона олуда шудаанд ва бо фавти 86 нафар аз беморон дар 24 соати гузашта, шумори фавтиҳо дар Эрон ба 60 ҳазору 267 нафар расидааст.» 

 Сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: «Дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхис, 8 ҳазору 495 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар кишвар шиносоӣ шуд.» 

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: «Токунун як миллиону 406 ҳазору 845 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.» 

 

Бештар бихонед:

Барчасп