Март 04, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Эрон 5 миллион дозаи ваксинаи Спутник - v аз Русия мехарад
    Эрон 5 миллион дозаи ваксинаи Спутник - v аз Русия мехарад

Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Русия аз фиристода шудани сеюмин маҳмулаи ваксинаи русии корона ба Теҳрон хабар дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон,Козими Ҷалолӣ гуфт : «Сеюмин маҳмулаи ваксинаи русии " Спутник - v " шомили 200 ҳазор доза, рӯзи панҷшанбе ба Теҳрон ирсол мешавад . »

   Сафири Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар Русия ҳамчунин гуфт : « Бар асоси барномарезиҳо ирсоли ин маҳмулаҳо ҳар 10 рӯз то ду ҳафта ва то расидани теъдоди ваксинаҳо ба адади 5 миллион доза идома хоҳад ёфт . »

  Ҷалолӣ ҳамчунин аз оғози амалиёти иҷроии роҳандозии хати тавлиди муштараки ваксинаи русии корона дар Эрон дар ояндаи наздик хабар дод ва гуфт : «Ба зудӣ ин хати тавлиди муштарак дар Теҳрон роҳандозӣ хоҳад шуд ва Эрон на танҳо ниёзи дохилии худ, балки ваксинаи мавриди ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ таъмин хоҳад кард. »

  

  Бештар бихонед :

 

Барчасп