Март 05, 2021 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳавопайморабо қасд доштааст ҳавопаймои ширкати «Эрон –Эйр» -ро дар яке аз кишварҳои арабии ҳамсояи Эрон биншонад.
    Ҳавопайморабо қасд доштааст ҳавопаймои ширкати «Эрон –Эйр» -ро дар яке аз кишварҳои арабии ҳамсояи Эрон биншонад.

Пойгоҳи итилоърасонии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз безараргардонии тавтеаи ҳавопайморабоӣ дар масири Аҳвоз (ҷануби Эрон) ба Машҳад (шимоли шарқи Эрон) хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии Сипоҳи посдорон, дар баёнияи рӯзи ҷумъаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон омадааст: «Тавтеаи рабоиши як ҳавопаймои «Фоккер – 100» -и ширкати ҳавопаймоии «Эрон –Эйр», ки панҷшанбешаб бо парвози шумораи 334 соати 22:10 дақиқа бо таъхир аз фурӯдгоҳи Аҳвоз ба самти Машҳади муқаддас ба парвоз даромада буд, бо ҳушёрии посдорони воҳиди амнияти парвози сипоҳ ва бо фурӯди изтирории ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Исфаҳон (маркази Эрон) ва дастгирии омили он хунсо шуд».

Дар идомаи ин иттилоия омадааст: «Бар асоси изҳороти аввалия, омили ин тавтеа қасд доштааст ҳавопайморо пас аз рабудан дар фурӯдгоҳи яке аз кишварҳои ҳошияи ҷанубии халиҷи Форс ба замин биншонад».

Бар асоси ин баёния, мусофирони ин ҳавопаймо дар саломатии комил бо парвози ҷойгузин ба сӯйи мақсад ҳаракат карданд.

Сипоҳнюс хотирнишон кардааст, ки паҳлӯҳову гӯшаҳои ин тавтеа дар ҳоли баррасӣ аст.

 

Барчасп