Март 05, 2021 20:12 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, фаъолиятҳои муҳитизистӣ - фаъолиятҳои динӣ ва инқилобӣ аст ва набояд ба онҳо нигоҳи таҷаммулотӣ ва тазйинӣ дошт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи ҷумъа ба муносибати рӯзи дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ дар Эрон ду ниҳоли мева коштанд ва дар суханоне, гиёҳу фазои сабзро омиле муҳим дар зиндагӣ ва дар сохти тамаддуни башарӣ хонданд.

Эшон бо ишора ба решаҳои маърифативу динии тавваҷуҳ ба муҳити зист гуфтанд: «Коштани дарахт ва шинонидани ниҳол аз ҷумлаи ҳасаноте аст, ки дар шаръи муқаддаси Ислом бар он таъкид шудааст».

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ибрози таассуф аз нобуд шудани ҷангалҳо, манобеи табиӣ ва суфраҳои зеризаминӣ ба дасти афроди судҷӯ, таъкид карданд: «Тахриби муҳити зист балои бузурге аст, ки ояндаи башарро ҳадар медиҳад, бинобар ин масъулон ва ҳамаи мардум бояд дар муқобили он биистанд».  

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар остонаи соли нав ба масъалаи корона пардохтанд ва хотирнишон карданд: «Соли гузашта дар айёми ид мардум ба тавсияҳо комилан амал карданд ва балои бузургеро аз сари кишвар дур карданд, аммо имсол хатар бештар ва фарогиртар аст, бинобар ин имсоли ҳам ҳамагон тавсияҳоро риоят кунанд».

Дар тақвими Эрон рӯзи 15 исфанд (5 март) Рӯзи Дарахткорӣ номида шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп