Март 08, 2021 18:22 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 698 ҳазору панҷ нафар расид
    Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 698 ҳазору панҷ нафар расид

Бо фавти 99 тан аз мубталоён ба вируси корона дар 24 соати гузашта дар Эрон, теъдоди ҷонбохтагони Ковид -19 дар ин кишвар ба 60 ҳазору 786 нафар расидааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз (18 исфанди 1399) бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳашт ҳазору 313 бемори ҷадиди мубтало ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 725 нафар бистарӣ шуданд.

Симо Содот Лорӣ афзуд: Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба як миллиону 698 ҳазору панҷ нафар расид, ки аз ин теъдод як миллиону 449 ҳазору 350 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп