Март 09, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Улянов: замони он расидааст, ки сиёсати аҳмақонаи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон поён ёбад
    Улянов: замони он расидааст, ки сиёсати аҳмақонаи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон поён ёбад

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, аз Амрико хост ба сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон поён диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов душанбешаб дар “Твиттер” навишт: «акнун замони он расидааст, ки сиёсати аҳмақонаи фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон поён ёбад то тавофуқи ҳастаӣ ба коркарди оддии худ бозгардад».

Амрико баъд аз хурӯҷи ғайриқонӯнӣ аз БарҶом дар 8 майи 2018 корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Давлати ҷадиди Амрико ба раёсати Ҷо Байден ба шикастҳои сиёсати  Трамп дар қиболи Эрон изъон карда ва гуфтааст, ки қасд дорад бо тавваҷуҳ ба онки хурӯҷи якҷониба аз БарҶом ба инзивои байналмилалии Амрико мунҷар шуда, кишварашро ба ин тавофуқи мавриди таъиди Шӯрои амният баргардонад.

Бо ин вуҷӯд мақомҳои давлати Байден дар рӯзҳои гузашта дар ин замина ба баҳонатарошиҳои мухталиф рӯй овардаанд.

Эрон эълом кардааст, ки ҳеч қайду шарт ва мутолибаи ҷадидеро барои бозгашти Амрико ба БарҶом нахоҳад пазируфт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп