Март 17, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 771 ҳазору 115 нафар расид
    Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 771 ҳазору 115 нафар расид

Бо фавти 65 нафар аз мубтало ба бемории Ковид - 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 61 ҳазору 492 нафар расидааст.

Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ ҳафт ҳазору 802 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ ва 670 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба як миллиону 771 ҳазору 115 нафар расид.

То кунун як миллиону 514 ҳазору 61 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп