Март 22, 2021 16:24 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 61 ҳазору 877 нафар расида аст
    Маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Эрон ба 61 ҳазору 877 нафар расида аст

Сухангӯи Вазорати беҳдошт,дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 80 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Симосодоти Лорӣ-сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе гуфт : Дар 24 соъати гузашта дар Эрон 7 ҳазору 357 бемори нави гирифтор ба бемории Ковид - 19 шиносоӣ шуданд .

   Вай афзуд : Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 1 миллиону 808 ҳазору 422 нафар расид.

  Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон изофа кард : Маҷмӯи фавтиҳои корона дар ин кишвар низ ба 61 ҳазору 877 нафар расидааст.

   Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон то кунун 1 миллиону 549 ҳазору 649 нафар аз беморони коронаӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

 

    Бештар бихонед :

 

 

Барчасп