Март 25, 2021 21:07 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони бемории корона дар Эрон ба 62 ҳазору 142 нафар расидааст
    Шумори ҷонбохтагони бемории корона дар Эрон ба 62 ҳазору 142 нафар расидааст

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 97 нафар дар 24 соати гузашта бар асари ибтило ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт: Бо фавти ин 97 нафар дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони бемории корона дар Эрон ба 62 ҳазору 142 нафар расидааст.

Симо Содот Лорӣ афзуд: Дар шабонарӯзи гузашта ҳафт ҳазору 506 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва 792 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Ба гуфтаи вай то кунун як миллиону 830 ҳазору 823 нафар низ дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод як миллиону 569 ҳазору 697 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп