Апрел 13, 2021 16:39 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба 2 миллиону 118 ҳазору 212 нафар расидааст
    Маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба 2 миллиону 118 ҳазору 212 нафар расидааст

Фавти 291 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба Ковид -19 дар Эронро ба 65 ҳазору 55 нафар расонидааст.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, дар шабонарӯзи гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 24 ҳазору 760 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 3 ҳазору 132 нафар бистарӣ шуданд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони мубтало ба корона дар Эрон ба 2 миллиону 118 ҳазору 212 нафар расидааст.

Ҳамчунин то кунун як миллиону 729 ҳазору 293 нафар аз беморони коронаӣ дар ин кишвар беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп