Апрел 15, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Пеш аз ин ҳам метавонистем ғанисозии 60 дарсад дошта бошем ва ибрози нигаронии Амрикову  Аврупо дар ин бора дуруст нест .
    Руҳонӣ: Пеш аз ин ҳам метавонистем ғанисозии 60 дарсад дошта бошем ва ибрози нигаронии Амрикову Аврупо дар ин бора дуруст нест .

Раиси ҷумҳӯрии Эрон таъкид кард: Ибрози нигаронии Амрико ва Аврупо дар бораи ғанисозии 60 дарсадӣ дуруст нест .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳӯрии Эрон рӯзи панҷшанбе дар шасту сеюмин барномаи ифтитоҳ, ки ба баҳрабардорӣ аз чаҳор тарҳи миллии саноъатии кимиё ихтисос дошт, гуфт : Пеш аз ин ҳам метавонистем ғанисозии 60 дарсад дошта бошем ва ибрози нигаронии Амрикову  Аврупо дар ин бора дуруст нест .

    Рӯҳонӣ дар идома афзуд : Барои Амрикову бақияи кишварҳое, ки дар дохили Барҷом буданд танҳо роҳи мавҷуд инаст, ки ба қатъномаи 2231- Шӯрои амнияти Созмони Миллал ва ба тавофуқи Барҷом ба таври комил баргарданд .

    Раиси ҷумҳӯрии Эрон хотирнишон кард : Агар чунин кунанд Эрон билофосила баъд аз ростиозмоиҳое, ки замонаш хеле тӯл намекашад ба кулияи таъаҳҳудоти барҷомии худ бармегардад .

    Раиси ҷумҳӯрии Эрон бо баёни чанд барномаи муҳими давлати дувоздаҳум дар сад рӯзи поёнии давлат гуфт : Яке аз барномаҳои муҳими давлат саломати мардум ва масъалаи мубориза бо корона аст .

    Рӯҳонӣ бо ишора ба шиори соли 1400 “ Соли тавлид; пуштибониҳо, монеъазудоиҳо " гуфт : Монеъазудоиҳо барои давлат бисёр аҳамият дорад, то давлат то охирин рӯз ва охирин соъат ҳамаи талоши худро барои ба саранҷом расондани тарҳҳо ба кор бибарад .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп