Апрел 15, 2021 21:39 Asia/Dushanbe
  • Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон раёсати ҳайати эрониро дар гуфтугуҳои имрӯз панҷшанбеи нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена бар уҳда дорад .
    Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон раёсати ҳайати эрониро дар гуфтугуҳои имрӯз панҷшанбеи нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена бар уҳда дорад .

Нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена-пойтахти Австрия оғоз шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин ҷаласа соъати 15 бо ҳузури намояндагони Ҷумҳӯрии исломии Эрон ва аъзои гурӯҳи " чаҳор ба изофаи як " оғоз шудааст .

   Саидаббоси Ироқчӣ- муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон раёсати ҳайати эрониро дар гуфтугуҳои имрӯз панҷшанбеи нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом дар Вена бар уҳда дорад .    Намояндагоне аз дигар вазоратхонаҳои давлатӣ аз ҷумла Бонки марказӣ, Вазорати нафту Созмони энержии атомии Эрон низ дар ин нишаст ҳузур доранд .

   Намояндагони Русия, Чин, Фаронса,Олмону Британия дар ин нишаст ширкат карданд .

 Дар ин давр аз гуфтугуҳо намояндагони Эрон ва гурӯҳи 4 + 1 барои рафъи таҳримҳо ва мавзӯъоти ҳастаӣ ройзанӣ хоҳанд кард .

   Дар ҳеч як аз нишастҳои Комиссиюни муштараки Барҷом ё нишастҳои коршиносии муртабит  намояндае аз Амрико ҳузўр надошта ва ҳеч гӯна музокираи мустақим ё ғайримустақиме бо Амрико дар дастури кори ҳайати музокиракунандаи Эрон қарор надорад .

   Қарор буд нишасти Комиссиюни муштараки Барҷом рӯзи гузашта - чаҳоршанбе оғоз шавад, ки ин амр ба далели ибтилои яке аз аъзои ҳайати аврупоӣ ба бемории корона бо як рӯз таъхир ба имрӯз панҷшанбе  вогузор шуд .

 

     Бештар бихонед :