Апрел 18, 2021 16:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти созишнома дар бораи озод кардани маблағҳои басташудаи Эрон дар Ироқ
    Ҷузъиёти созишнома дар бораи озод кардани маблағҳои басташудаи Эрон дар Ироқ

Дабири кулли Палатаи муштараки тиҷорати Эрону Ироқ созишномаи Эрону Ироқро дар бораи озод кардани пули басташудаи эронӣ эълон кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дабири кулли утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Ироқ «Ҳамид Ҳусейнӣ » гуфт: Ироқ муъофиятҳое дар заминаи бозгашти пулҳои блокшудаи Эрон дарёфт кардааст ва метавонад фориғ аз таҳримҳо қарзҳои худро ба Эрон пардохт кунад. 

Дабири кулли утоқи бозаргонии муштараки Эрон ва Ироқ бо баёни инки намояндае аз сӯи  Эрон бо банки тиҷорати Ироқ музокира доштааст, афзуд: Ин банк эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир  туҷҷори эронӣ метавонанд бо истифода аз пулҳои блокшуда, тиҷорати худро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи Ҳусейнӣ: Ба саранҷом расондани ин раванд ба ҳудуди як моҳ замон ниёз дорад то вазъияти муомилот дар шароити оддӣ қарор бигирад. Аз кулли содироти Эрон, Ироқ бо як миллиону 570 ҳазор тонна ба арзиши 477 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувумини мақсади содиротии кишвар дар 11 моҳаи соли 99 қарор гирифт . 
  
Ба гуфтаи Раиси кулли Бонки марказии Эрон « Абдуносир Ҳимматӣ », ҳаҷми манобеи арзии Эрон дар Ироқ панҷ миллиард доллар аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп