Апрел 18, 2021 23:05 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии ифтитоҳи тавлиди ваксинаи \\\
    Нишасти хабарии ифтитоҳи тавлиди ваксинаи \\\"Асвид-19\\\"

Нишасти хабарии ифтитоҳи хатти тавлиди ваксинаи Асвид-19, бо ҳузури мудирони омили ширкатҳои эронии "дорусозии Усва" ва "Paya Fan Yakhteh " баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар нишасти хабарии хати тавлиди ваксинаи " Асвид - 19 " , доктори Ҳуман Коғазиён мудиромили ширкати "Paya Fan Yakhteh Iran " гуфт: Барои тавлиди ваксинаи "Асвид - 19 " аз равиши вируси кушташуда ва ғайрифаъол истифода кардаем ва ин ваксина то меҳри имсол ба бозор арза хоҳад шуд. Мудиромили ширкати " Paya Fan Yakhteh Iran " афзуд : тамоми мароҳили тавлиди ваксинаи " Асвид- 19 " бо талоши муҳаққиқони эронӣ сӯрат гирифтааст . 

Ҳумани Коғазиён ҳамчунин гуфт: Ҳамакнун марҳилаи ҳайвонии ваксинаи Асвид - 19 ба поён расидааст ва то поёни баҳор муҷаввизи  марҳилаи инсонӣ ба даст оварда мешавад. Доктор Меҳдии Бахшоиаш мудиромили ширкати " дорусозии Усваи Эрон " , низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Ваксинаи Асвид - 19 дар ду марҳала тазриқ хоҳад шуд ва токунун натоиҷи хубе доштааст . Доктор Меҳдии Бахшоиаш афзуд: Барои хариди ваксинаи Асвид - 19 дархостҳои фаровоне аз кишварҳои мухталиф ба ширкати " дорусозии Усва " ирсол шудааст . Мудиромили ширкати " дорусозии Усваи Эрон " гуфт: Албата агар ниёзи дохилӣ барои ваксинаи Асвид - 19 бароварда шавад, он гоҳ барои содироти ваксина тасмимгирӣ хоҳад шуд. Доктор Меҳдии Бахшоиш афзуд : Бар асоси эъломи муҳаққиқон " ширкати дорусозии Усваи Эрон ", солиёна беш аз 20 миллион адади ваксинаи Асвид - 19 тавлид хоҳад кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп