Апрел 19, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон
    Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 398 нафар ба асари ибтило ба вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе  эълом кард: бар ин асос шумори фавтиҳо ноши аз ибтило ба вируси корона дар Эрон ба 67 ҳазору 130 нафар расидааст. 

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: да 24 соати гузашта 24 ҳазору 346 бемори ҷадид мубтало ба бемории "Ковид-19" дар ин кишвар шиносоӣ ва 3 ҳазору 901 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд. 

То кунун 1 миллиону 797 ҳазору 319 нафар беморони короноӣ дар Эрон беҳбуд ёфтаанд. 

 

Бештар бихонед: 

Барчасп