Апрел 26, 2021 16:31 Asia/Dushanbe
  • Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба 2 миллиону 417 ҳазору 230 нафар расид
    Маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба 2 миллиону 417 ҳазору 230 нафар расид

Бемории Ковиди 19 дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон 496 тани дигарро ба коми марг бурд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт,  дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон,  бо фавти 496 нафари дигар аз беморони мубтало ба вируси корона дар шабонарӯзи гузашта, шумори фавтиҳои ин беморӣ дар Эрон ба 70 ҳазору 70 нафар расид.

Дар 24 соати гузашта ҳамчунин 21 ҳазору 26 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод се ҳазору  734 нафар бистарӣ шуданд.

Ҳамчунин маҷмӯи беморони корона дар Эрон ба ду миллиону  417 ҳазору 230 нафар расид, ки аз ин теъдод  як миллиону 892 ҳазору 229 нафар  беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп