Май 04, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бо фавти 344 нафари дигар аз мубталоён ба Ковид 19 дар шабонарӯзи гузашта, теъдоди ҷон бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 73 ҳазору 219 нафар расид.

Маркази равобит умумии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони рӯзи сешанбе дар иттилоияе эълом кард, аз дирӯз то имрӯз (14 урдибиҳишти 1400) ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ,  20 ҳазору 150 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки ду ҳазору 985 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид 19 дар кишвар ба ду миллиону 575 ҳазору 737 нафар расид.

Вазорати беҳдошти Эрон дар ин иттилоия афзуд, то кунӯн ду миллиону 22 ҳазору 586 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона токунӯн беш аз 154 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз 3 миллиону 228 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид 19 ҷони худро аз даст додаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп