Май 04, 2021 16:11 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ваксинаи «Спутник V»-и эронӣ то ду моҳи оянда

Сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон аз тавлиди ваксини коронаи «Спутник V»-и эронӣ то ду моҳи оянда хабар дод.

Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон гуфт, 4 ширкати эронӣ мутақозии тавлиди ваксинаи «Спутник V»-и эронӣ дар кишвар ҳастанд, ки 3 ширкат ба тарафи русӣ, муаррифӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзуд, то 2 моҳи оянда нахустин маҳсӯли «Спутник V»  тавлиди Эрон дар ваксинатсияи умумӣ алайҳи корона дар кишвар истифода хоҳад шуд.

Сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Эрон гуфт, то кунӯн беш аз 3 миллиону 200 ҳазор доз ваксинаи дорои муҷаввизи масрафи изтирорӣ вориди Эрон шуда, ки афзӯн бар як миллиону 250 ҳазор дози он дар саросари кишвар тазриқ шудааст.

Ваксинатсияи шаҳрвандони эронӣ, барои пешгирӣ аз ибтило ба бемории Ковид - 19 бо воридоти 20 ҳазор доз ваксинаи  «Спутник V» аз Русия (21 баҳмани соли 1399 шамсӣ) оғоз шуд.

«Спутник V», нахустин ваксинаи зиддикоронаии сохти Русия аст, ки маркази вирусшиноси "Гамалея" вобаста ба Вазорати беҳдошти ин кишвар дар Маскав тавлид кардааст.

Дарсади короии ин ваксина 91.6 дарсадаст ва бинобар натоиҷи таҳқиқот, дар муқобили намудҳои ҷаҳишёфтаи вируси корона муассир аст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп