Май 07, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс
    Баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дар суханронии телевизеонӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс бо ишора ба тағири мувозанаи қаво ва нафъи дунёи ислом, фармуданд: Ҳамафзоии муслимин бар меҳвари Қудси шариф, кобуси душмани саҳюнист ва ҳомиёни амрикоӣ ва аврупоист.

Матни комили баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи Ҷаҳонии Қудс ба шарҳи зер аст:

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله رب العالمین و الصلاة و السلام علی سیدنا محمد خاتم النبیین و اشرف الخلق اجمعین و علی آله الطیبین الطاهرین و صحبه المنتجبین و من تَبِعَهُم بإحسانٍ الی یوم الدین

Фаластин; муҳимтарин ва зиндатарин масъалаи уммати ислом

 

Моҷарои Фаластин, ҳамчкнон муҳимтарин  ва зиндатарин масъалаи муштараки уммати исломӣ аст. Сиёсатҳои низоми сармоядории золим ва саффок, дасти як миллатро аз хонаи худ кӯтоҳ карда ва дар он режими террорист ва мардумии бегонаро нишонда аст.

  • Мантиқи таъсиси режими саҳюнистӣ

 

Сусттар ва бепоятар аз мантиқи пушолии таъсиси режими саҳюнистӣ чист?

Аврупоиҳо бинобар иддаои худ ба яҳудиён дар солҳои Ҷанги Дуввуми  Ҷаҳонӣ зулм кардаанд. Пас бояд бо овора кардани миллате дар ғарби Осиё ва кушторҳои  фаҷеъ дар он кишвар интиқоми яҳудиёнро гирифт..!

Ин мантиқе аст, ки давлатҳои ғарбӣ  бо ҳимояти бедареғ ва девонавори худ аз режими саҳюнистӣ ба он такя карда ва бад ин гуна. ҳамаи иддаоҳои дуруғини худ дар боби ҳуқуқи башар ва демократиро тахтиа кардаанд (шикастаанд). Ва ин моҷарои хандаовар ва гиряовар беш аз 70 сол аст ки  идома дорад ва  ҳаразгоҳ аз чанде барги дигар бар он афзуда мешавад.

  Мубориза бо режими саҳюнистӣ, вазифае ҳамагонӣ

 Саҳюнистҳо фаластини ғасбшударо аз рӯзи аввал ба як пойгоҳи терроризм табдил кардаанд. Исроил на як кишвар, ки як подагони террористӣ алайҳи миллати  Фаластин ва дигар ва дигар миллатҳои мусулмон аст. Мубориза бо ин режими саффок (хунрез, бераҳмона), мубориза бо зулм ва мубориза бо терроризм аст; ва ин вазифаи ҳамагонӣ аст.

 

  •  Заъф ва тафриқа дар уммати исломӣ, заминасози ғасби Фаластин.

Як нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки агарчӣ давлати ғосиб дар соли 1948 таъсис шуд, вале муқаддамоти дастандозе ба ин нуқтаи ҳассос аз минтақаи исломӣ, солҳо пеш аз он оғоз шуда буд. Ин солҳо мақорун аст бо дахолати фаъоли Ғарб дар кишварҳои исломӣ барои ҳоким кардани секуляризм ва натсионализми ифротӣ ва кур ва ба қудрат расондани  давлатҳои мустабид ва шефта ё дастнишондаи Ғарб. Мутолиаи ҳаводиси он солҳо дар Эрон ва Туркия ва кишварҳои ғарбӣ ғарби Осиё то шимоли Африқо, ин  ҳақиқати талхро ошкор мекунад, ки заъф ва тафриқа дар уммати исломӣ, заминасози фоҷиавии ғасби шуд ва ин зарба аз сӯи ҷаҳони истикборбар уммати исломӣ ворид омад.

 

  • Ҳамафзоии урдугоҳи ғарб ва шарқ бо сармоядорони саҳюнист дар масъалаи ғасби Фаластин

 Ин ибратомӯз аст, ки дар он мақта ҳар ду урдугоҳи сармоядорӣ ва коммунизм бо қорунҳои саҳюнист ба ҳамафзоӣ расиданд; Англис асли тавтеаро тарроҳӣ ва пайгирӣ кард. Сармоядорони саҳюнист иҷрои онро бо пулу силоҳ бар ӯҳда  гирифтанд ва Шуравӣ аввалин давлате буд, ки таъсиси давлати номашрӯъро ба расмият шинохт ва анбӯҳи яҳудиёнро ба он ҷо эъзом кард. 

Режими ғосиб маҳсули он вазъият дар ҷаҳони ислом аз сӯе ва ин тавтеъа, таҳоҷум ва  таҷовузи аврупоӣ аз сӯи дигар буд. 

 

  • Тағйири мувозинаи қуво дар дунёи кунунӣ ба нафъи дунёи  ислом

  Имрӯз дигар вазъи ҷаҳон монанди он рӯз нест; мо бояд ин ҳақиқатро мадди назар дошта бошем. Имрӯз мувозинаи қуво ба нафъи дунёи ислом тағйир ёфтааст. Ҳаводиси гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо ва Амрико, заъфҳо ва ихтилолоти амиқи сохторӣ ва мудириятӣ ва ахлоқии ғарбиҳоро дар баробари ҷаҳониён урён кард. Қазоёи интихобот дар Амрико ва озмуни ба шиддат  расвоии мудирони пурмуддао ва мутакаббирон  ва низ мувоҷиҳаи яксолаи номуваффақ бо коронаи  ҳамагир дар Амрико ва Аврупо ва ҳавошии шармовари он ва ошуфтагиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ахир дар муҳимтарин кишварҳои аврупоӣ ҳама  нишонаи сайри нузулӣ ва уфулии (ру ба  нобудӣ) урдугоҳи Ғарб аст.   Дар сӯи дигар рушди нерӯҳои муқовимат дар ҳассостарин манотиқи исломӣ, рушди тавоноиҳои дифоӣ ва ҳуҷумии  онон, рушди худогоҳӣ ва ангезаву умед дар миллатҳои мусулмон, рушди гароиш ба шиорҳои исломӣ ва қуръонӣ, рушди илмӣ, рушди истиқлолталабӣ ва худиттакоӣ дар миллатҳо, нишонаҳои муборакест, ки ояндаи беҳтарро навид медиҳад.

 

  • Лузуми ҳамафзоии кишварҳои мусулмон бар меҳвари Фаластин ва Қудс  

 Дар ин ояндаи муборак, бояд ҳамафзоии кишварҳои мусулмон як ҳадафи умда ва асосӣ бошад ва ин чандон дур аз дастрас ба назар намерасад. Меҳвари ин ҳамафзоӣ қазияи Фаластин ба маънии ҳамаи кишвар ва сарнавишти Қудси шариф аст. Ин ҳамон ҳақиқатест, ки дили нуронии Имом  Хумайнии азим ( раҳматуллоҳи алайҳ )-ро ба эъломи Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар охирин ҷумъаи моҳи Рамазон ҳидоят кард.

 Ҳам афзоии мусллимин бар меҳвари Қудси шариф, кобуси душмани саҳюнист ва ҳомиёни амрикоӣ ва аврупоии он аст. Тарҳи нокоми « муомилаи қарн» ва сипас талош барои оддисозии равобити чанд давлати заъифи арабӣ бо режими ғосиб, талошҳои мазбуҳона барои фирор аз он кобус аст. 

Ман қотеъона мегӯям ин талошҳо ба ҷое нахоҳад расид; сайри ҳаракати нузулӣ ва рӯ ба заволи режими душмани саҳюнистӣ оғоз шуда ва вақфа нахоҳад дошт. 

 

  • Авомили сарнавиштсози оянда: тадовуми муқовимат дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ҳимояти ҷаҳонии мусулмонон аз муҷоҳидони фаластинӣ

 Ду омили муҳими таъинкунандаи оянда аст: аввал -ва муҳимтар- тадовуми муқовимат дар дохили сарзаминҳои Фаластин ва тақвияти хатти ҷиҳод ва шаҳодатва дуввум, ҳимояти ҷаҳонии давлатҳо ва миллатҳои мусулмон дар саросари ҷаҳон аз муҷоҳидони фаластинӣ. 

Ҳама - давлатмардон, равшанфикрон, олимони динӣ, аҳзобу гурӯҳҳо, ҷавонони ғаюр ва дигар  қишрҳо - бояд ҷойгоҳи худро дар ин ҳаракати саросарӣ биёбем ва нақш ифо кунем. Ин аст он чизе ки кайди [найранги] душманро ботил мекунад ва барои ин ваъдаи илоҳӣ:

 أَمْ یُرِیدُونَ کَیْداً فَالَّذِینَ کَفَرُوا هُمُ الْمَکِیدُونَ ("Ё мехоҳанд найранге бизананд, вале онон, ки кофир шудаанд худ дучори найранг шудаанд" -Сураи Тур, ояи 42), мисдоқи охирзамонӣ ба вуҷуд меоварад: "وَاللَّهُ غالِبٌ عَلىٰ أَمرِهِ وَلٰکِنَّ أَکثَرَ النّاسِ لا یَعلَمونَ ("...ва Худо бар кори хеш чира аст, вале бештари мардум намедонанд". -Сураи Юсуф, бахше аз ояи 21)

Бахши арабӣ

Моилам андаке бо ҷавонони араб ба забони худи онон сухан бигӯям:

Бисмилоҳи раҳмони раҳим

Салом бар ҳамаи озодагони араб, ба вижа ҷавонон ва салом ба мардуми муқовими Фаластин ва Қудс ва Муробитун дар Масҷудул Ақсо

Салом бар шуҳадои муқовимат ва хеле азими муҷоҳидоне, ки дар ин роҳ  ҷони худро тақдим кардаанд; ба вижа  шаҳид шайх  Аҳмад  Ёсин, шаҳид  Аббоси Мусавӣ, шаҳид Фатҳии Шақоиқ, шаҳид  Имоди Мағния, шаҳид  Абдулазиз Рантисӣ, шаҳид  Абумаҳдӣ ал-Муҳандис саранҷом  чеҳраи барҷастаи шаҳидони муқовимат, шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ки ҳар як пас аз ҳаёти пурбору пурбаракат, бо шаҳодати худ низ таъсироти муҳимме дар муҳити муқовимат барҷо гузоштанд. 

Муҷоҳидати фаластиниён ва хуни поки шаҳидони муқовимат тавонистааст ин парчами муборакро барафрошта нигаҳ дорад ва қудрати дарунии ҷиҳоди фаластиниро садҳо баробар кунад; ҷавони фаластинӣ як рӯз бо партоби санг аз худ дифо мекард ва имрӯз бо партоби мушаки нуқтазан ба душман посух медиҳад. 

Фаластин ва Қудс дар Қуръони Маҷид " сарзамини муқаддас " номида шудааст; даҳҳо сол аст ки ин сарзамини пок дар ишғоли нопоктарин ва хабистарин оҳоди башар аст. Шаётине, ки инсонҳои шарифро ба хоку хун мекашанд ва онгоҳ бо вақоҳат ба он эътироф мекунанд. Нажодпарастоне, ки дар беш аз ҳафтод  сол, соҳибони сарзаминро бо қатл, ғорат ва ҳабсу шиканҷа муаззаб сохтаанд, вале биҳамдиллоҳ натавонистаанд иродаи онҳоро мақҳур  кунанд (мутеъ).

 Фаластин зинда аст ва ба ҷиҳод идома медиҳад ва ба кумаки Худо саранҷом хоҳад тавонист бар душмани хабис фоиқ (ғолиб) ояд. Қудси шариф ва ҳамаи Фаластин  мутаъаллиқ ба мардуми он аст ва ба онон хоҳад баргашт. Иншоаллоҳ « ва ин [ кор ] бар худо душвор нест». 

Дар қазияи Фаластин ҳамаи давлатҳо ва миллатҳои мусулмон  дорои  вазифа ва масъулиятанд, вале меҳвари муҷоҳидат, худ фаластиниёнанд, ки имрӯз дар даруни сарзамин ва беруни он ҳудуди чаҳордаҳ миллион нафаранд. Ваҳдат ва азми воҳиди ин ҷамъ хоҳад тавонист коре бузург сурат диҳад. Имрӯз ваҳдат, бузургтарин силоҳи фаластиниҳо аст. 

Душманони ваҳдати фаластинӣ, режими саҳюнистӣ ва Амрико ва бархе қудратҳои сиёсӣ дигаранд. Аммо агар аз даруни худи ҷомеаи фаластинӣ ваҳдатшиканӣ нашавад, душманон берунӣ нахоҳанд тавонист коре бикунанд. Меҳвари ин ваҳдат бояд ҷиҳоди дохилӣ ва адами эътимод ба душманон бошад. Душмани аслии фаластиниён, яъне Амрико ва Англис ва саҳюнистҳои хабисро набояд такягоҳи сиёсатҳои фаластинӣ қарор дод. 

Фаластиниҳо - чӣ дар Ғазза, чӣ дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ, чӣ дар сарзаминҳои 1948 ва ҳатто чӣ дар урдугоҳҳо - ҳама  як воҳидро ташкил медиҳанд ва бояд роҳбурди ба ҳам пайвастагиро дар пеш бигиранд . Ҳар бахш бояд аз бахшҳои дигар дифо кунад ва ба ҳангоми фишор бар онҳо аз абзорҳои дар ихтиёри худ истифода кунад. 

Умед ба пирӯзӣ, имрӯз аз ҳамеша бештар аст. Мувозинаи қуво ба нафъи фаластиниҳо ба шиддат тағйир кардааст; душмани саҳюнист  сол ба сол  заъифтар шудааст; артишаш, ки худро « артише, ки ҳаргиз  шикаст намехӯрад» муаррифӣ мекард имрӯз пас аз таҷрибаи [ ҷанг ] 33 рӯза дар Лубнон ва таҷрибаи [ ҷангҳои ] 22 рӯза ва 8 рӯза дар Ғазза, ба артише, ки «ранги пирӯзиро нахоҳад дид » табдил шудааст. Вазъияти сиёсии он, ки ногузир аз чаҳор интихобот дар ду сол аст ва вазъияти амнияти он ки ба таври пай дар пай дучори шикаст мешавад ва майли рӯзафзуни яҳудиён ба муҳоҷирати маъкус, мояи фазоҳати он режими пурмуддао шудааст. Талоши пайгир бо кумаки Амрико барои оддисозӣ бо чанд кишвари арабӣ, худ нишонаи дигаре аз заъфи он режим аст ва албата ин ҳам кумаке ба ӯ нахоҳад кард ва фасоду ноамниро дар [ миён ] онҳо густариш хоҳад дод.

Албата ин ҳақоиқ набояд вазифаи сангини дигаронро дар қиболи ин ҳаракат аз ёди бибарад. Уламои мусулмон ва масеҳӣ бояд оддисозиро ҳароми шаръӣ эълом кунанд ва равшанфикрону озодагон, натоиҷи ин хиёнатро, ки ханҷаре аз пушт ба Фаластин аст барои ҳама  ташреҳ  намоянд.

 Дар нуқтае муқобили раванди нузулии режим, афзоиши тавоноиҳои ҷабҳаи муқовимат, башорати ояндае дурахшон аст: афзоиши қудрати дифоӣ ва низомӣ, худкафоӣ дар сохти силоҳҳои муассир,эътимод ба нафси муҷоҳидон, худогоҳии рӯзафзуни ҷавонон, густариши доираи муқовимат ба саросари кишвари Фаластин ва ба берун аз он, хезиши ахири ҷавонон дар дифо аз Масҷидулақсо ва инъикоси тавъамони муҷоҳидат ва мазлумияти миллати Фаластин дар афкори умумии бисёре аз манотиқи ҷаҳон. 

Мантиқи муборизаи фаластинӣ ҳам ки аз сӯи  ҷумҳурии исломӣ дар асноди Созмони милал ба сабт  расида, мантиқе мутараққӣ ва ҷаззоб аст: Муборизони фаластинӣ метавонанд як ҳамапурсиро аз ҳамаи сокинони аслии Фаластин матраҳ кунанд. Ин ҳамапурсӣ, низоми сиёсии кишварро муайян мекунад ва сокинони аслӣ аз ҳар қавму дин, аз ҷумла  оворагони фаластинӣ дар он ширкат хоҳанд кард;он низоми сиёсӣ, оворагонро ба дохил бармегирданду сарнавишти бегонагони сакании гузидаро таъин мекунад . Ин мутолиба бар мабнои демократӣ роиҷеъ аст ки дар дунё пазируфта шуда ва ҳеч кас дар мутараққӣ будани он наметавонад хадша кунад. Муҷоҳидони фаластинӣ, муборизаи машрӯъ ва ахлоқии худ бо режими ғосибро бояд ба қадре идома диҳанд, ки ночор ба қабули ин мутолиба шавад.

 Ба номи Худо ба пеш ҳаракат кунед ва бидонед, ки «қатъан худо ба касе ки [ дин ] ӯро ёрӣ мекунад , ёрӣ медиҳад».

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

 

Барчасп