Май 12, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати Иди Фитр бо афви ду ҳазору 187 маҳкӯми додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд
    Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати Иди Фитр бо афви ду ҳазору 187 маҳкӯми додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Иди Саиди Фитр бо афв ё тахфифи муҷозоти ду ҳазору 187 нафар аз маҳкӯмони додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саидиброҳими Раисӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фаро расидани Иди Саиди Фитр дар номае ба раҳбари муъаззами инқилоб пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкӯмонро матраҳ карда буд.

Бар асоси асли 110 қонуни асосии Эрон ҳукми афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти маҳкӯмони додгоҳҳо дар Эрон аз ихтиёроти раҳбарӣ кишвар аст.

Бештар бихонед:

Пешопеш Иди Саиди Фитр муборак