Июл 06, 2021 11:37 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода; Мавозеъи Эрон дар бораи БарҶом ва рафъи таҳрим бо ҷобаҷоии давлат тағйир намекунад
    Хатибзода; Мавозеъи Эрон дар бораи БарҶом ва рафъи таҳрим бо ҷобаҷоии давлат тағйир намекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Бо ҷобаҷоӣ ва тағйири давлат, тағйире дар мавозеъи Эрон дар бораи БарҶом эҷод нахоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон «Саид Хатибзода » дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар хусуси мавзеи бархе аз мақомоти ғарбӣ мабнӣ бар лузуми интизор барои рӯи кор омадани давлати ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон  ҷиҳати дастёбӣ ба тавофуқ дар БарҶоам, афзуд: Мавозеъи Эрон дар хусуси БарҶом ва рафъи таҳримҳо, ҷузви мавозеъи усули низом аст ва бо тағйири давлат низ тағйире дар он эҷод нахоҳад шуд.

Хатибзода дар хусуси музокироти камиссиюни муштараки Барҷоам дар Вена низ гуфт: "Анҷоми созишнома барои эҳёи БарҶом аз иродаи сиёсии ҷонибҳои дигар барои қабули қарорҳои шадид вобаста аст; Талошҳои ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ин аст, ки музокирот ҳарчӣ  зудтар ба натиҷа расидатаҳримҳои золимона алайҳи мардуми Эрон рафъ шавад, аммо мо намегузорем, ки музокирот коҳиш ёбад ва тӯлонӣ шавад. 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар хусуси иддаои мунташиршуда дар бархе расонаҳои ғарбӣ мабнӣ бар интиқоли паём аз сӯи  Амрико ба Эрон дар мавриди ҳамалоти ахир ба Сурия ва Ироқ аз тариқи каналҳои дипломатӣ. гуфт: Амрико бояд мутаваҷҷеҳ шавад, ки бо зургӯи на танҳо ба аҳдофи минтақавии худ намерасад, балки вазъи худро дар Осиёи Ғарбӣ низ рӯз то рӯз душвортар мекунад.

Хатибзода, дар бораи бархе ахбори мунташиршуда дар хусуси таътилии сарконсулгарии Эрон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон низ тасреҳ кард: Бахши консулии сарконсулгарӣ ба далоили амниятии пазириши ҳузурии мутақозёни визоро мутаваққиф карда буд, ки бо ором шудани шароит  муҷаддадан фаъолиятҳои худро оғоз хоҳад кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар хусуси пешниҳоди ҷумҳурии Озарбойҷон дар ростои эҷоди як бистари ҳамкории минтақавии 3 + 3 гуфт: Бо озодсозии арозии ҷумҳурии Озарбойҷон,  замина барои ҳамкории кишварҳои минтақаи Қафқоз ва се кишвари перомунии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия, бар пояи эҳтиром ба тамомияти арзии ҳамаи кишварҳои минтақа фароҳам шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп